Муҷтаҳид; Арабистон маҷбур шуда фурӯдгоҳи Абҳоро шабҳо таътил кунад
(last modified Sat, 13 Jul 2019 08:38:14 GMT )
Июл 13, 2019 13:38 Asia/Dushanbe
  •  Муҷтаҳид; Арабистон маҷбур шуда фурӯдгоҳи Абҳоро шабҳо таътил кунад

Ифшогари ахбори марбут ба хонадони Оли Сауд фош кард, баъд аз посухҳои мушакӣ ва паҳподии артиши Яман ба иттилофи мутаҷовиз, фурӯдгоҳи Абҳои Арабистон ба дастури мақомоти Саудӣ шабҳо таътил мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҷтаҳид ҷумъа шаб дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт; баъд аз он,ки падофанди ҳавоии Арабистон натавонист дар баробари ҳамлаҳои мукаррари ҷунбиши Ансораллоҳ, аз фурӯдгоҳи Абҳо ҳифозат кунад бахшномаи сарӣ содир шуд бинобар ин,ки  ин фурӯдгоҳ аз соати шаши шаб то шаши субҳ баста шавад.

Артиши Яман 10 июл ва дар паи таъкиди мақомоти аршади Яман бинобар иҷроии муъодилаи фрӯдгоҳ дар баробари фрӯдгоҳ барои маҷбур кардани душмани Саудӣ ҷиҳати поён додан ба таҷовузҳои низомии худ, пеш аз 10 навбат фрӯдгоҳҳои Абҳо, Ҷизон ва Наҷрон ( дар ҷунуби Арабистон ) ро ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ қарор дод.