Мақоми рус: барномаи мушакии Эрон, мушкили қонунӣ надорад
(last modified Sun, 14 Jul 2019 04:07:39 GMT )
Июл 14, 2019 09:07 Asia/Dushanbe
  • Мақоми рус: барномаи мушакии Эрон, мушкили қонунӣ надорад

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена таъкид кард, барномаи мушакии Эрон, мушкили қонунӣ надорад.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Михаил Улиянов намояндаи Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена рӯзи шанбе дар паёмҳое твиттерӣ навишт ҳеҷ  маҳдудияти қонунӣ бар мушакҳо вуҷуд надорад ва ин мавзӯъ шомили Эрон ҳам мешавад.

Улиянов дар посух ба саволи вақте тавофуқи ҳастаӣ мунқазӣ шавад чи иттифоқе меафтад? навишт, бо Эрон баъд аз инқизои тавофуқи ҳастаӣ монанди дигар аъзои паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (НПТ), ки силоҳи атомӣ надоранд рафтор хоҳад шуд.

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмиллалӣ ҳамчунин таъкид кард, мавзӯи мушакии Эронро фақат метавон ба таври созанда дар чорчуби минтақаӣ мавриди баҳс қарор дод ва БАРҶОМ чорчуби муносибе барои он набуд.

Улиянов дар ҷавоби ин пурсиш, ки чаро ба Эрон иҷоза дода шуд зейли БАРҶОМ ғанисозии ураниюм дошта бошад? ёдовар шуд, Эрон узви НПТ аст ва узвияти ҳар кишвар дар он илова бар тааҳудот бо бархурдорӣ аз ҳуқуқе низ ҳамроҳ аст.

Бо тадовуми тааллули аврупоиҳо дар иҷрои тааҳудоти барҷомии худ Эрон рӯзи якшанбе 7 июл пас аз поёни муҳлати 60 рӯзаи худ ба онҳо фароянди убур аз ғанисозии 3/ 67 дарсадро оғоз кард.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин ба аврупоиҳо ҳушдор дод агар тааҳудоти худро иҷро накунанд, гоми баъдии коҳиши тааҳудоти худро иҷро накунанд гоми баъдии коҳиши тааҳудоти барҷомӣ муҳкамтар хоҳад буд.