Июл 14, 2019 19:50 Asia/Dushanbe
  • Гузориши манобеи Толибон аз даври ҷадиди музокирот бо Амрико

Манобеи гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аз даври ҷадиди музокироти сулҳ байни Амрико ва Толибон дар Доҳаи Қатар хабр доданд.

Манобеи гурӯҳи Толибон аз Кобул рӯзи шанбе эълом карданд, ҳафтумин даври музокирот рӯзи шанбе 29 июн ҳаммонанди нишастҳои қаблӣ пушти дарҳои баста оғоз шуд.

Пеш аз ин Залмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон, ки раёсати ҳайъатҳои амрикоиро дар музокироти Доҳа бар ӯҳда дорад, гуфта буд:

Дар ҳафтумин даври музокира бо Толибон, хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон, тазмини Толибон мабнӣ бар ҳадаф қарор нагирифтани Амрико аз хоки Афғонистон, оғози музокира байни афғонҳо ва оташбаси доимӣ, мавриди баҳс ва табодули назар қарор хоҳад гирифт.