Вокуниши Кувейт ба иҳонати шабаки Аларабия ба ин кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45170-Вокуниши_Кувейт_ба_иҳонати_шабаки_Аларабия_ба_ин_кишвар
Муовини вазири хориҷаи Кувейт дар вокуниш ба тавҳини муҷрии шабакаи хабарии Саудии Аларабия гуфт, ин шабака бояд бобати ин тавҳин аз давлати Кувейт узрхоҳӣ кунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 15, 2019 13:43 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Кувейт ба иҳонати шабаки Аларабия ба ин кишвар

Муовини вазири хориҷаи Кувейт дар вокуниш ба тавҳини муҷрии шабакаи хабарии Саудии Аларабия гуфт, ин шабака бояд бобати ин тавҳин аз давлати Кувейт узрхоҳӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории Кувейт, Холид Ҷораллоҳ афзуд; он чӣ,ки муҷрии шабакаи Аларабия зидди Кувейт анҷом дода, як иштибоҳи бузург аст.

Сора Дундаравий муҷрии шабакаи Аларабия рӯзи шанбе дар як барномаи ин шабака ба Кувейт  иҳонат карда буд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Дундаравий дар барномае дар шабакаи Аларабия, ба гузориши хабаргузории Блумберги Амрико дар мавриди коҳиши қимати машруботи спиртӣ дар Қатар ишора кард. Вай дар поёни ин хабар, ба сурати истиҳзо гуфт; мунтазири изҳор назари дӯстони онҳо дар Кувейт дар баробари ин дасту дилбозии Қатар ҳастем.

Ин иқдоми муҷрии арабистонӣ дар рабтдодани номи кувейтиҳо ба хабари марбут ба коҳиши қимати машрубот дар Қатар, боиси хашми шадиди кувейтиҳо шудааст.