Могерини: Таниш дар халиҷи Форс барои ҳама хатарнок аст
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, таниш дар минтақаи халиҷи Форс барои ҳама хатарнок аст.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Федерика Могерини рӯз душанбе ва пеш аз ҳузур дар нишасти Шӯрои Аврупо дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд, ки дар ҳафтаҳои ахир бо ҳамаи кишварҳои минтақаи халиҷи Форс ройзанӣ карда ва шоҳиди огоҳӣ аз ин ҳақиқат аст, ки таниш барои ҳамагон хатарнок аст ва ҳеҷ кишваре аз ин мавзуъ мустасно нест.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, хирад ва мантиқи кофӣ дар минтақаи халиҷи Форс вуҷуд дорад то онҳо ба равише муфид рӯ ба пеш ҳаракат кунанд.
Дидие Рейндерс, вазири умури хориҷаи Белгия ҳам эълом кард, мавзӯи аслии нишасти имрӯзи Шӯрои вазирони хориҷаи Аврупо ёфтани роҳе барои танишзудоӣ дар минтақа ва низ чигунагии ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ аст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон 7 –уми июл, пас аз сабри роҳбурдии яксола дар қиболи хуруҷи Амрико аз БарҶом ва ба дунболи тааллули тарафҳои аврупоӣ дар иҷрои тааҳҳудоти барҷомии худ ва дар натиҷаи бароварда нашудани манофеи Эрон дар ин тавофуқ, гоми дувуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худро иҷроӣ ва фароянди ғанисозии болои 3, 67 дарсадии ураниюмро оғоз кард.