Июл 16, 2019 09:47 Asia/Dushanbe
  • Имзои фармони саршумории шаҳрвандони Амрико

Девони олии Амрико дархости Амрико гунҷондани савол дар бораи тобеият дар саршумориро, ки Трамп бар он исрор меварзид, рад кард.

Ба гузориши Спутник, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико фармонеро имзо кард, ик ба давлати ин кишвар имкон медиҳад бидуни гунҷондани саволи марбут ба тобеият дар саршумории соли 2020 дар бораи теъдоди шаҳрвандони Амрико ва дигар кишварҳо дар ҷамъияти ин кишвар иттилоот ба даст овард.

Илова бар ин Трамп дастур дод коргуруҳи ниҳодҳои Амрико барои баррасии масоили марбут ба дастрасӣ ба иттилоот барои огоҳӣ аз тобеияти 100% сокинони Иёлати Муттаҳида ташкил шавад. Пештар раиси ҷумҳури Амрико эълом карда буд, ки ин санад ба Вазорати бозаргонии Амрико имкон медиҳад ба Бонки иттилооти Вазорати амнияти дохилӣ ва идораи бимаи иҷтимоӣ дастрастӣ пайдо кунад.

Мухолифон гунҷонда шудани савол дар бораи тобеият дар саршуморӣ ибрози нигаронӣ карда буданд, ки агар чунин саволе аз мардум бишавад миллионҳо нафат ба хотири тарс аз ифшои надоштани тобеият дар саршуморӣ ширкат кунанд.

Барчасп