Маскав: сохти воҳиди дуввуми неругоҳи Бушеҳр тибқи барнома идома меёбад
(last modified Thu, 18 Jul 2019 06:14:08 GMT )
Июл 18, 2019 11:14 Asia/Dushanbe
  • Маскав: сохти воҳиди дуввуми неругоҳи Бушеҳр тибқи барнома идома меёбад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид кард ин кишвар сохти воҳиди дуввуми неругоҳи ҳастаии Бушеҳри Эронро тибқи барнома идома хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории Тос, Мария Захарова рӯзи чаҳоршанбе гуфт, сохти неругоҳи ҳастаии Бушеҳр прожаи Русия дар Эрон аст ва нахустин бахш аз ин таъсисот бидуни кучактарин мушкиле ба баҳрабардорӣ расида ва дар ҳоли тавлиди барқи мавриди ниёзи Эрон аст.

Захарова эълом кард дуввумин воҳиди ин неругоҳ низ тибқи барнома сохта мешавад.

Сухангӯи Вазорти Хориҷаи Русия дар конфронси хабарии ҳафтагии худ таъкид кард таҳримҳои ғайриқонунии Вашингтон мушкилотеро бар сари тиҷорат бо Эрон эҷод кардааст, аммо Теҳрон ва Маскав ба ҳамкорӣ дар неругоҳи ҳастаии Бушеҳр идома медиҳанд.

Захарова гуфт, Маскав дар баробари таҳримҳои Амрико даст руи даст нагузоштааст ва худро бо шароити шарикони эронӣ татбиқ медиҳад.

Ин мақоми русӣ дар бораи осори таҳримҳои Амрико бар прожаи бозсозии реактори Арок низ гуфт, ин масъалае муҳим дар нишасти Камиссиони муштараки БАРҶОМ дар Вена буд ва дар онҷо Чин ва Британия барои бозсозии ин реактор ибрози тамоюл карданд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид кард Маскав муътақид аст тамоми тарафҳои БАРҶОМ бояд ба унвони зомини ҷамъии иҷрои прожаҳое, ки бахше аз ин тавофуқ ба ҳисоб меоянд рафтор кунанд.

Ширкати Рус-Атом дар ҳоли иҷрои прожаи сохти воҳиди дуввуми неругоҳи ҳастаии Бушеҳр бо зарфияти тавлиди 2100 мегават барқ аст.