Таваллуди навзоди се сар дар Ҳинд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45303-Таваллуди_навзоди_се_сар_дар_Ҳинд
Як навзоди духтар дар Ҳинд бо се сар ба дунё омад ва пас аз таваллуд таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 21, 2019 11:18 Asia/Dushanbe
  • Таваллуди навзоди се сар дар Ҳинд

Як навзоди духтар дар Ҳинд бо се сар ба дунё омад ва пас аз таваллуд таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алъолам, ин навзоди духтар бо се сар ва як мағз дар бемористоне дар иёлати Уттар Прадеш ба дунё омада ва пас аз таваллуд ҷарроҳӣ шудааст.

Модари бордори ин навзод ба пизишкон гуфтааст, ки вай ва ҳамсараш тавоноии пардохти ҳазинаҳои ҷарроҳии фарзандонашонро надоранд ва ба ҳамин далел пизишкон худ даст ба кор шуда ва навзодро амал карданд.

Ба гуфтаи пизишкон ин навзод дар бадви таваллуд монанди мавҷудоти фарозаминӣ буда, ки пас аз 3 соат ҷарроҳӣ таҳти назари пизишкон дар бахши муроқибатҳои вижа қарор гирифтааст.