Июл 21, 2019 12:40 Asia/Dushanbe
  • Музокироти сулҳи давлати Афғонистон ва Толибон дар ояндаи наздик

Раиси ҷумҳури Афғонистон аз оғози музокироти давлати ин кишвар бо гуруҳи Толибон то чанд ҳафтаи оянда хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар маросиме дар арги раёсат ҷумҳурии Афғонистон бо ишора ба ин ки ба зудӣ музокироти сулҳ байни давлат ва гуруҳи Толибон оғоз хоҳад шуд бори дигар аз гуруҳи Толибон хост ба хушунатҳо поён диҳанд ва барои барқарории сулҳ ва ободӣ дар ин кишвар талош кунад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон афзуд, Кобул таслим шудани Толибонро намехоҳад балки музокироти обурумандона барои барқарории сулҳ дар Афғонистонро хостор аст.

Ашраф Ғанӣ дар ҳоле аз оғози музокироти давлати Афғонистон бо гуруҳи Толибон то чанд ҳафтаи оянда хабар дод, ки то кунун гуруҳи Толибон ҳозир ба музокироти мустақим бо давлати Афғонистон нашудааст.

Барчасп