Шарқшиноси арманистонӣ: Дар Эрон ҳама, аксарият ҳастанд
(last modified Tue, 23 Jul 2019 05:01:27 GMT )
Июл 23, 2019 10:01 Asia/Dushanbe
  • Шарқшиноси арманистонӣ: Дар Эрон ҳама, аксарият ҳастанд

Шарқшиноси арманистонӣ: Дар Эрон ҳама, аксарият ҳастанд.

Ба нақл аз ИРНО, раиси аниституи шарқшиносии донишгоҳи словенияии Ереван бо таъкид бар ин ки мардуми Эрон аз назари таърихӣ ва мардумшиносӣ як миллати воҳид ҳастанд гуфт, аз ин манзар ҳамаи сокинони Эрон аксарият ба шумор мераванд ва мо ақаллияти қавмӣ дар Эрон надорем.

Асатуриён асри душанбе дар сарои аҳли қалами Теҳрон афзуд, бар хилофи бархе кишварҳо, ки чандмиллиятӣ ҳастанд ва як миллат нақши миллати аслиро дорад дар Эрон бо чунин падидае ру ба ру нестем. Вай гуфт, ки дар Эрон қавме ба номи форс вуҷуд надорад касоне, ки  забони модарии онҳо форсӣ аст ҳувияти қавмӣ барои худ қоил нестанд, балки ҳувият ва худогоҳии ҷуғрофиёӣ ва шаҳрӣ доранд. Асатуриён забони форсиро забоне кишварӣ ва мутааллиқ ба ҳамаи сокинони Эрон донист ва афзуд, ки ин забон мутааллиқ ба ҳеҷ гуруҳ, қавм ё ҳатто ҳавзаи ҷуғрофиёӣ нест. Раиси аниституи шарқшиносии донишгоҳи словенияии Ереван, ки дар нишасти нақду баррасии китоби худ ба номи "Курдҳо ва хостгоҳи онҳо" сухан мегуфт, ёдовар шуд, ки мутолиоти курдиро ба лиҳози илмӣ бояд дар бистари мутолиоти Эроншиносӣ ба пеш бурд, зеро забон ва фарҳанги курдӣ шохае аз забонҳо ва фарҳангҳои эронӣ аст ва ҷудо кардани ин ду мавзӯъ аз якдигар ба арзиши илмии мутолиот осиб мерасонад.