Cардаргумии Лондон дар бораи масъалаи тавқифи нафткаши бритониёӣ тавассути Эрон
Бритониё ба унвони муттаҳиди стратегии Амрико ҳамвора талош кардааст то сиёсатҳои ҳамросто бо Вашингтон алайҳи Эрон рӯйи даст гирад.
Бо ин ҳол, акнун Лондон дар масъалаи тавқифи нафткаши бритониёӣ дар тангаи Ҳурмуз, ки 19 -уми июл бо иқдоми Эрон сурат гирифт, мавзеи сардаргум гирифта ва дар айни ҳол умеде ҳам ба ҳамроҳии Вашингтон бо худ дар ин замина надорад.
Дар ин росто Ҷереми Ҳант, вазири умури хориҷаи Британия рӯзи душанбеи 22 –юми июл дар нишасти изтирории Маҷлиси авом дар бораи тавқифи нафткаши мутахаллифи ин кишвар тавассути Эрон, зимни дархости озодии ин нафткаш ва хадамаи он иддао кард, бар асоси ҳуқуқи байналмилал, эрониҳо ҳаққи таарруз ба ин киштии бритониёӣ ё савор шудан бар онро надоштанд. Ин дар ҳоле аст, ки нафткаш бритониёии “Stena Impero” асли убури безарарро, ки равияи ҳоким бар наҳваи убури киштиҳо, аз ҷумла нафткашҳо аз тангаҳои байналмилалие монанди тангаи Ҳурмуз аст, комилан нодида гирифтааст.
Эрон эълом карда, ки ин нафткаш ҳангоми убур аз тангаи Ҳурмуз муртакиби чаҳор тахаллуфи бузург шудааст:
Нахуст ин ки ба ҷойи ҳаракат дар масири вурудии ин оброҳи байналмилалӣ, дар масири хуруҷии он аз самти Уммон қасди вуруд ба халиҷи Форсро дошт. Дигар ин ки ин нафткаш дастгоҳҳои новбарии худ аз ҷумла сомонаи “Ҷи Пи Эс” –ро хомӯш карда буд то имкони радёбии он набошад. Масъала дигар тахлияи нафт буда, ки боиси олудагии оби дарё шуда ва дар ниҳоят ин нафткаш бо як линҷ ё киштии эронӣ бархурд карда ва бидуни эътино ба ин ҳодиса ба масири худ идома додааст. Бинобарин Эрон ба унвони кишваре, ки дар бахши шимолии тангаи Ҳурмуз қарор дорад, тибқи қавонини байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи ҳуқуқи дарёҳо, мусавваби соли 1982 ҳаққи тавқифи ин нафткашро доштааст.
Масъалаи дигаре, ки Ҷереми Ҳант матраҳ карда, амнияти тараддуд дар тангаи Ҳурмуз ва эҷоди эътилофи дарёӣ дар ин замина аст. Ҳант муддаӣ шуд, дар хусуси амнияти тараддуди дарёӣ дар тангаи Ҳурмуз, Амрико пешниҳодҳое дошта ва бо муттаҳидони аврупоӣ низ дар ин замина гуфтугӯҳое шудааст. Вай гуфт: “Барои ташкили нерӯи аврупоии вижа барои озодии дарёнавардӣ дар тангаи Ҳурмуз талош мекунем”.
Бар хилофи иддаои Ҳант, ташкили ин эътилофи дарёӣ бо аммову агарҳои зиёде ҳамроҳ аст. Ҳамчунин бо вуҷуди умеди мақомоти давлати муҳофизакор ба ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико аз Британия дар ин замина, мавзеи Вашингтон нишон медиҳад, ки онҳо набояд умеди чандоне ба давлати Трамп дар ин бора дошта бошанд. Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи “Фокс нюс” дар бораи тавқифи нафткаши бритониёии “Stena Impero” дар тангаи Ҳурмуз, бо таъкид бар ин ки Британия масъули ҳифзи амнияти киштиҳои худ аст, изҳор дошт, Амрико хоҳони ҷанг бо Эрон нест.
Мавзӯи ҷолиб ин ки бо вуҷуди таъсиси пойгоҳи дарёии доими Британия дар Баҳрайн ва истиқрори шиноварҳои бритониёӣ дар он ва гаштзании онҳо дар халиҷи Форс, Лондон асосан бо таваҷҷуҳ ба теъдоди қобили таваҷҷуҳи киштиҳо ва нафткашҳои ин кишвар дар халиҷи Форс, қодир ба ҳифозат аз ҳамаи онҳо нест ва ин нишонае аз заъфи қудрати дарёии Британия аст. “Рейтерз” дар гузорише бо ишора ба нуқтаи заъфҳои нерӯи дарёии Британия навишт, шикасти ин кишвар дар мамониат аз тавқифи нафткаши бритониёӣ ба дасти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, нишонаи таназзули қудрати нерӯи дарёии Британия аст, ки замоне қудрати аввали ҷаҳон буд.
Нуктаи охир: бар хилофи иқдоми Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар тавқифи нафткаши бритониёӣ дар тангаи Ҳурмуз, ки комилан тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал сурат гирифтааст, нерӯи дарёии Британия нафткаши “Грейс 1”-и ҳомили нафти Эронро дар тангаи Ҷабалутториқ ба сурати комилан ғайриқонунӣ дар 4 –уми июл ба баҳонаи нақзи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Сурия тавқиф кардааст ва бар идомаи тавқифи он исрор меварзад. Ин дар ҳоле аст, ки ин таҳримҳо якҷониба буда ва Эрон асосан муваззаф ба табаият аз он нест. Зимни ин ки Аврупо борҳо таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи дигар кишварҳоро маҳкум кардааст. Бинобарин акнун худ наметавонад дар ҳамин чорчӯб амал кунад ва Лондон ҳеҷ тавҷеҳе барои идомаи тавқифи нафткаши “Грейс 1” надорад.