Борис Ҷонсон нахуствазири Бритониё шуд
(last modified Tue, 23 Jul 2019 13:13:19 GMT )
Июл 23, 2019 18:13 Asia/Dushanbe
  • Борис Ҷонсон нахуствазири Бритониё шуд

Борис Ҷонсон, вазири хориҷии собиқи Бритониё ва аз тарафдорони сарсахти Брегзит нахуствазири ин кишвар шуд.

Борис Ҷонсон, рӯзи сешанбе дар интихоботи дохилии Ҳизби муҳофизакор бар Ҷереми Ҳант, вазири умури хориҷии кунунӣ пирӯз шуд ва тавонист ҷойгузини Тереза Мэй, нахуствазири мустаъфии Бритониё шавад. Дар марҳалаи ниҳоии интихоби нахуствазир ва раҳбари Ҳизби муҳофизакори Бритониё Ҷонсони 55-сола дар раъйгирӣ аз 160 ҳазор узви ин ҳизб бештар аз Ҳант раъй овард. Ҷонсон аз тарафдорони сарсахти Брегзит ба шумор меравад ва гуфтааст, ки 31 октябр ҳатто бидуни тавофуқ Бритониёро аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ хоҳад кард.

Борис Ҷонсони 55-сола рӯзноманигор, сиёсатмдор ва таърихнигори англис аст, ки аз соли 2008 то соли 2016 ба унвони шаҳрдори Лондон фаъолият мекард ва аз 2015 намояндагии маҷлиси Англияро ба уҳда дорад. Ҷонсон аз июли соли 2016 вазири хориҷии кобинаи Тереза Мэй шуд, аммо ду сол баъд ба иллати ихтилоф бо Тереза Мэй бар сари чигунагии хурӯҷ аз Иттиҳоди Аврупо аз симматаш истеъфо дод.