Нисбати нахуствазири ҷадиди Англия бо туркони мусалмон
(last modified Tue, 23 Jul 2019 14:38:20 GMT )
Июл 23, 2019 19:38 Asia/Dushanbe
  • Нисбати нахуствазири ҷадиди Англия бо туркони мусалмон

Борис Ҷонсон, ки имрӯз ба унвони нахуствазири ҷадиди Англия таъйин шуд, набераи охирин вазири умури дохилии хилофати Усмонӣ аст.

Борис Ҷонсон, ки дар соли 1964 дар шаҳри Ню-Йорк зода шуд ва солҳо дорои душаҳрвандӣ, шаҳрванди Англия ва Амрико буд, асолатан турктабор аст. Падари Борис Стэнли Ҷонсон, фарзанди фарде ба номи Усмон Камол буд, ки замоне номи худро ба Ҷони тағйир дод. Усмон Камол аз модари нимаанглисӣ ва нимашведсарӣ мутаваллид шуд, аммо падараш Алӣ Камол, охирин вазири умури дохилии хилофати Усмонӣ буд, ки Мустафо Камол Отатуркро боздошт кард. Ӯ рӯзноманигоре бо аслияти черкас-турк буд, ки дар ҷанги истиқлоли Туркия ба хотири тафаккуроти зиддитуркии худ дар муқобили артиши Отатурк силоҳ ба даст гирифт ва дар ниҳоят ба дасти мардум кушта шуд. Модари Усмон низ муддате пас аз таваллуди ӯ даргузашт ва Усмон ба назди модарбузурги англисии худ нақли макон кард ва дар он ҷо номи худро ба Ҷони Ҷонсон тағйир дод ва мероси исломии худро нафй кард.

Шоёни зикр аст, Борис Ҷонсон, ки борҳо аз қавонини молиётии Амрико шикоят карда буд, ниҳоятан дар соли 2016 ба таври расмӣ аз шаҳрвандии Амрико даст кашид.