Ҳамлаи артиши Афғонистон алайҳи ДИИШ дар Нангарҳор
https://parstoday.ir/tg/news/world-i4537-Ҳамлаи_артиши_Афғонистон_алайҳи_ДИИШ_дар_Нангарҳор
Даҳҳо узви гурӯҳи такфирӣ-саҳюнистии ДИИШ дар ҳамлаи артиши Афғонистон дар устони Нангарҳор кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 21, 2016 11:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи артиши Афғонистон алайҳи ДИИШ дар Нангарҳор

Даҳҳо узви гурӯҳи такфирӣ-саҳюнистии ДИИШ дар ҳамлаи артиши Афғонистон дар устони Нангарҳор кушта шуданд.

Ба иттилои Ирно, сухангуи устондори Нангарҳор дар шарқи Афғонистон аз кушта шудани 33 узви гурӯҳи такфирии саҳюнистии ДИИШ бар асари ҳамлаи ҳавоии артиши Афғонистон дар шаҳристони Кути ин устон хабар дод .

Атоуллоҳи Хугиёнӣ гуфт, ки дар ин ҳамла мақодире муҳимоти ДИИШ низ мунҳадим шуд .

Ҳамчунин Мавлавӣ Муовия, яке аз фармондеҳони гурӯҳи Толибон бар асари амалиёти ҳавоии нерӯҳои амниятии афғон ҳамроҳи бисту як узви ин гурӯҳ дар шаҳристони Дашти Арчии устони Қундуз кушта шуданд .