Июл 24, 2019 14:54 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Мушкили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад

Толибон дар вокуниш ба иҳонати ахири Трамп ба миллати Афғонистон барои нахустин бор дар иттилоияи расмӣ танҳо роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистонро музокироти сулҳ эълом кард.

Ба нақл аз ИРНА, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон бо интишори иттилоияе, изҳороти ахири раисҷумҳури Амрико дар бораи Афғонистонро ғайримасъулона хонд ва танҳо роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистонро музокироти сулҳ донист.

Дар иттилоияе Толибон хитоб ба Трамп омадааст: Ин ормонро Чингиз, Британия ва Шӯравии собиқ низ ба гӯр бурданд ва баръакс императориҳояшон аз нақшаи замин маҳв шуд, аммо миллати Афғонистон ҳанӯз ҳам сарбаланду зинда аст ва боз ҳам сарбаланду зинда хоҳад буд.

Барчасп