Июл 21, 2016 10:35 Asia/Dushanbe
  • Тахриби даҳҳо бемористон дар ҳамалоти Арабистон ба Яман

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Яман аз тахриби даҳҳо бемористон дар ҳамалоти ҳавоии Арабистон хабар дод.

Тамим Шомӣ-сухангӯи Вазорати беҳдошти Яман, рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Алмаёдини Лубнон, эълом кард, Арабистон токунун дар ҳамалоти ҳавоӣ ба Яман, 62 бемористон ва 115 дармонгоҳро вайрон кардааст.

Вай афзуд, бидуни шак, ҳамалоти ҳавоии Арабистон омили аслии буҳрон дар бахши беҳдошт ва дармони Яман аст ва Созмони милал ҳам бо ҷонибдорӣ аз Арабистон масъули ин фоҷеа аст.

Дар ҳамлаи ҳавоии Арабистон ба ҷануби Санъо шуморе аз шаҳрвандони яманӣ кушта ва шуморе захмӣ шуданд.

Ҳамчунин артиш ва нерӯҳҳои мардумии Яман бо ҳамла ба се пойгоҳи низомии Арабистон дар минтақаи ал-Ҷобирӣ, сарбозони саудӣ дастаҷамъӣ аз ин пойгоҳҳо фирор карданд.

Аз сӯи дигар артиш ва кумитаи мардумии Яман, дар вокуниш ба идомаи ҳамалоти Арабистон ба кишварашон, 70 адад мӯшак ба сӯи пойгоҳҳои низомии Арабистон дар минтақаи "Ҷозон" шиллик карданд.

Хабарҳо аз устони Маариб низ ҳокӣ аст, нерӯҳои амниятии Яман бо кӯмаки нерӯҳои мардумӣ, аъзои як гурӯҳи террористии вобаста ба Алқоидаро, ки қасди иҷрои амалиёт дар Санъо доштанд, боздошт карданд.

Дастгиршудагон силоҳ ва таҷҳизоти низомии арабистонӣ ба ҳамроҳ доштанд.