Июл 27, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
  • Арабистон ва Исроил дар садри феҳристи кӯдаккушони ҷаҳон

Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише эълом кард, эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ, ки ба Яман ҳамла мекунад ва Исроил, бештарин теъдоди кӯдаконро куштаанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дар ин гузориш ба қалами Мишела Николз омадааст, Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише ба Шӯрои амнияти ин созмон эълом кард, эътилофи низомӣ таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ, ки дар ҳоли ҷанг дар Яман аст, 729 кӯдакро дар соли 2018 дар ин кишвар кушта ё захмӣ кардааст, ки ин теъдод ҳудуди ниме аз талафоти кӯдаконро дар ин сол нишон медиҳад.

Дар ин гузориш номи эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ барои севумин сол дар феҳристи сиёҳ қарор гирифтааст.

Гутерреш ҳамчунин гузориш дод, аз соли 2014 то кунун бештарин шумори кӯдакони фаластинӣ, соли гузашта ба дасти низомиёни исроилӣ кушта ё захмӣ шудаанд.

Феҳристи сиёҳи кӯдаккушони ҷаҳон рӯзи ҷумъа дар ихтиёри Шӯрои амнияти Созмони Милал қарор гирифт.

Гутерреш дар ин гузориш эълом кард, талафоти кӯдакон ағлаб дар натиҷаи ҳамалот ба манотиқи маскунӣ ва алайҳи аҳдофи ғайринизомӣ аз қабили мадорис ва бемористонҳо рух медиҳад.

Дар ин гузориш аз афзоиши теъдоди талафот ва маълул шудани кӯдакон ба шиддат ибрози нигаронӣ шудааст.

Ин гузориш ҳамчунин меафзояд, Афғонистон бо се ҳазору 62 кӯдаки кушташуда , ҳамчунон ба лиҳози талафоти кӯдакон дар болотарин сатҳ қарор дорад ва кӯдакон 28 дарсад аз талафоти ғайринизомиёнро дар ин кишвар ташкил медиҳанд.

 

Барчасп