Идомаи маҳбубияти Владимир Путин дар Русия
(last modified Sat, 27 Jul 2019 12:43:16 GMT )
Июл 27, 2019 17:43 Asia/Dushanbe
  • Идомаи маҳбубияти Владимир Путин дар Русия

Натоиҷи назарсанҷиҳои мардумӣ дар Русия нишон медиҳад, ки мардум аз амалкарди давлат ва шахси раисҷумҳури ин кишвар ризоият доранд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, натоиҷи назарсанҷии ҷадиди маркази таҳқиқоти афкори умумии Русия, ки рӯзи шанбе мунташир шудааст нишон медиҳад, ки беш аз 65 дарсади мардум аз амалкарди Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар ризоият доранд.

Дар ин назарсанҷӣ Путин бо ҷалби 31 дарсади эътимоди умумӣ дар мақоми нахуст ва пас аз вай Сергей Шойгу, вазири дифои Русия бо 13 дарсад дар ҷойгоҳи дувуми ин назарсанҷӣ қарор гирифта ва Сергей Лавров, вазири хориҷа низ бо 10 дарсад оро, севумин сиёсатмадоре аст, ки русҳо ба ӯ эътимод доранд.

Ин назарсанҷӣ ба сурати телефонӣ анҷом шудааст.

Эътимоди русҳо ба Путин дар чанд соли ахир ҳамвора беш аз 50 дарсад будааст ва ба унвони мисол дар назарсанҷии соли 2017 –и ҳамин марказ 54 дарсади ширкаткунандагон дар назарсанҷӣ гуфта буданд, ки ба Путин эътимод доранд.