Июл 28, 2019 10:29 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз ҳазор нафар дар гирдиҳамоии эътирозии Маскав

Полиси Маскав аз боздошти беш аз ҳазор нафар дар гирдиҳамоии эътирозии мухолифони давлат хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, полиси Маскав эълом кард,ки дар маҷмӯъ 1074 нафар аз ашхоси ширкаткунанда дар гирдиҳамоиҳои эътирозии рӯзҳои ахир дар боздошт ҳастанд.

 Баъд аз зӯҳри рӯзи шанбе, таҷаммӯъе дар назди  бинои шаҳрдории Маскав дар хиёбони Тверской баргузор шуд ва гирдиҳамоикунандагон роҳ ёфтани номзадҳои мухолифи давлатро ба интихоботи Маҷлиси маҳаллӣ хостор шуданд.

Ин гирдиҳамоӣ дар пайи он баргузор шуд, ки субҳи рӯзи шанбе маъмурони амниятии Маскав панҷ нафар аз раҳбарони мухолифони давлатро, ки номзади онҳо барои интихоботи маҷлиси маҳаллии Москва рад шуда буд, дастгир карданд.

 Чанд рӯз пеш низ Алексей Навални-барҷастатарин раҳбари мухолифон пас аз хуруҷ аз хонааш дастгир ва равонаи боздоштгоҳ шуд.

Ӯ шанбеи гузашта дар гирдиҳамоии иҷозатдодашуда дар ҳамин робита эълом карда буд, ки агар мушкили раддисалоҳиятшудаҳо ҳал нашавад, ҳафтаи оянда низ дубора ҷамъомад баргузор хоҳад шуд.

Дар ҳафтаҳои ахир дар эътироз ба радди номзадҳои интихоботи маҷлиси маҳаллии Маскав чанд бор тазоҳурот баргузор шудааст.

 Охирин мавриди таҷаммӯъи эътирозӣ дар Маскав бистуми июл баргузор шуд, ки ба гуфтаи полиси Маскав камаш 12 ҳазор нафар дар он ширкат карда буданд.

Интихоботи маҷлиси шаҳрии Маскав ҳаштуми сентябр баргузор мешавад ва сокинони ҳар минтақаи Маскав дар маҷмӯъ 45 намояндаи ин маҷлиси қонунгузориро интихоб мекунанд.

 

Барчасп