Июл 28, 2019 13:59 Asia/Dushanbe

Сарошпазҳои италияӣ питсаи ба тӯли 500 метр пухтанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, 30 сарошпази аҳли шаҳри Неаполи Италия питсаи ба тӯли 500 метр ба номи « питсаи Геннес»-ро дар шаҳри Болоня  пухтанд.

Барои пухти ин питса 500 килограмм орд, 400 килограмм памидор, 50 литр равғани зайтун, 10 килограмм райҳон ва 50 навъ чошнӣ истифода шуд.

Ин питсаи 500 метрӣ рӯйи 270 миз густурда шуд.