Поёни даргирии шаш соатаи муҳоҷимони мусалаҳ бо нерӯҳои амниятии Афғонистон
Даргирӣ байни муҳоҷимони мусалаҳ ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Кобул пас аз шаш соат поён ёфт.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Нусрат Раҳимӣ сухангӯи Вазорати кишвари Афғонистон гуфт; даргирии муҳоҷимони мусалаҳ бо нерӯҳои амниятии афғон муқобили дафтари Амруллоҳ Солеҳ раиси собиқи идораи Амнияти миллӣ ва раиси ҷараёни сиёсии Раванди сабзи Афғонистон дар Кобул пас аз ҳудуди шаш соат даргирӣ ва бо кушта шудани чор муҳоҷими мусалаҳ поён ёфт.
То кунун фард ё гурӯҳе масулияти ин ҳамлаи террористиро бар уҳда нагирифтааст, аммо Нусрат Раҳимӣ гурӯҳи Толибонро дар ин замина мутаҳам кард.
Арги раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳам бо судури баёнияе эълом кард; террористҳои фитнагар ва душманони Афғонистон дар идомаи ҷиноятҳои худ имрӯз бо ҳамлаи террористӣ дар яке аз нуқтаҳои ғайри низомии шаҳри Кобул,шуморе аз мардуми Афғонистонро куштанд.
Асри рӯзи якшанбе чор муҳоҷими мусалаҳ пас аз таркондани як худрави бомбгузоришуда муқобили дафтари Амруллоҳ Солеҳ дар Кобул бо нерӯҳои амниятии Афғонистон даргир шуданд.
Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон шумори куштаҳои ин ҳамларо ду нафар ва теъдоди захмиҳоро 25 нафар эълом кард.
Амруллоҳ Солеҳ низ дар ин ҳамла ба таври сатҳӣ захмӣ шудааст.