Июл 30, 2019 12:37 Asia/Dushanbe
  • Хези Узбакистон ва Беларус барои тавсеаи ҳамкориҳои иртиботӣ ва мухобиротӣ

Узбакистон ва Беларус ҳамкорӣ дар заминаи технологиҳои иттилоърасонӣ ва мухобиротиро тавсеа медиҳанд.

Ба нақл аз Форс, Констонтин Шолгин вазири иттилоърасонии Беларус ва Шуҳрат Содиқов вазири тавсеаи технологиҳои иттилоърасонӣ ва мухобироти Узбакистон дар мавриди густариши ин ҳамкориҳо гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор тарафайн таъмиқи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи иртиботот ва иттилоърасониро баррасӣ ва ҳамчунин дар бораи тарҳи қарордод байни вазоратхонаҳо дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаи технологиҳои иттилоърасонӣ, ки аввали август дар ҳузури раисони ҷумҳури ду кишвар имзоъ мешавад ба тавофуқ расиданд.

Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон рӯзҳои 31 июл ва аввали август ба Беларус сафар мекунад.

Шавкат Мирзиёев ва Александр Локашинго ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ ва ҳамчунин мавзӯоти минтақаӣ ва байналмиллалиро баррасӣ мекунанд.

Раисони ҷумҳури ду кишвар ҳамчунин аз намоишгоҳи миллии Узбакистон дар Минск ва парки технологиҳои навин боздид хоҳанд кард.

Барномарезӣ шуда дар поёни гуфтугӯҳо баёнияи муштараки раисони ҷумҳур содир ва бастаи асноди ҳамкорӣ ба имзоъ расад.

Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Беларус дар соли 2018 бо 130 дарсад афзоиш дар сатҳи 419 миллион ва 900 ҳазор доллар қарор гирифтааст.