Ироаи тарҳи Русия дар бораи амнияти халиҷи Форс ба Созмони Милал
(last modified Tue, 30 Jul 2019 10:02:13 GMT )
Июл 30, 2019 15:02 Asia/Dushanbe
  • Ироаи тарҳи Русия дар бораи амнияти халиҷи Форс ба Созмони Милал

 Ҳузури низомии кишварҳои фароминтақаӣ дар халиҷи Форс ва таъсироти манфии он бо афзоиши танишҳои сиёсӣ ва низомӣ, боиси ироаи тарҳе барои амнияти ин ҳавзаи геостратегӣ аз сӯи Русия шудааст ва Вазорати хориҷаи Русия докторинае дар заминаи таъмини амнияти ҷамъии ин минтақа ироа кардааст.

Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷаи Русия санади “Мафҳуми амнияти ҷамъӣ дар халиҷи Форсро сешанбеи гузашта ба дипломатҳои хориҷӣ, ки дар Маскав ҳузур доштанд, ироа кард.

Ин санад рӯзи душанбеи 29-уми июл дар СММ мунташир шуд. Усули аслии ин мафҳум бар мавориде монанди рӯйкарди гом ба гом, чандҷонибагароӣ ва риояти дақиқи қонунҳои байналмилалӣ, эъломияи СММ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал таъкид дорад. Маскав таъкид кардааст, ки вазифаи роҳбурдии ин санад эҷоди механизми амнияти ҷамъӣ ва ҳамкорӣ дар минтақаи халиҷи Форс бо мушорикати яксони тамоми кишварҳои минтақа аст.

Тибқи матни ин санад, ки дар сайти расмии Вазорати хориҷаи Русия мунташир шудааст, пешниҳод шуда, ки ройзаниҳое бар асоси музокироти чандҷониба анҷом шавад ва дар ниҳоят як гурӯҳи ибтикорӣ барои фароҳамсозии муқаддамоти баргузории як конфронси байналмилалӣ дар заминаи амният ва ҳамкорӣ дар минтақаи халиҷи Форс шакл бигирад, ки дар ҷараёни он тавофуқоте дар заминаи системаи амниятӣ ва иқдомоти лозим барои таъмини он дар назар гирифта шавад.

Аз ҷумлаи иқдомоти пешниҳодии Маскав - тақвияти гуфтугӯҳо байни мақомоти сиёсӣ, низомӣ ва коршиносони кишварҳои минтақа, ҳамоҳангӣ дар заминаи иҷрои маневрҳо ва амалиёти низомӣ ва парвозҳои низомӣ, дастрасии нозирин ба таъсисоти ғайримаҳрамона ва ошноӣ бо таслиҳоти низомии тарафайн, худдорӣ аз истиқрори гурӯҳҳои низомии кишварҳои фароминтақавӣ дар халиҷи Форс ва ба таври куллӣ коҳиши ҳузури низомии хориҷӣ дар ин минтақа аст.

Амрико ба унвони қудрати мудохилагари фароминтақаӣ бо густариши Эронҳаросӣ, дар садади тавҷеҳи ҳузури худ ва эҷоди эътилофҳои минтақаӣ баромадааст. Ин дар ҳоле аст, ки Русия дар баробари иттиҳомоти Амрико алайҳи Эрон, ки онро ба унвони маншаи ноамнӣ дар минтақа талаққӣ мекунад, мавозеи ҳимоятомез дар қиболи Эрон дорад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар 24 –уми июл дар мусоҳибае гуфт: “Ман муътақидам Эрон кишваре аст, ки бояд бахше аз роҳиҳалҳо барои мушкилоти минтақа бошад, на ин ки онро ба унвони муқассири аслии иттифоқот дар онҷо қаламдод кард”.

Амрико ҳоло дар ростои сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ, ҳузури низомии худ дар ҳавзаи халиҷи Форс ва ғарби Осиёро тақвият карда ва иқдомоти таҳрикомезе алайҳи Эрон анҷом медиҳад. Амрико ҳамвора бо ҳар гуна тарҳ ва ибтикори минтақаӣ барои эҷоди амният ва субот дар халиҷи Форс мухолифат варзида ва дар масири иҷрои онҳо коршиканӣ кардааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо бар лузуми ҳифзи амнияти минтақа аз тариқи ҳамкории кишварҳои он ва низ зарурати ҳаллу фасли мушкилоти минтақаӣ аз тариқи гуфтугӯ таъкид карда ва тарҳҳое низ дар ин замина ироа кардааст. Ин тарҳҳо аз ин дидгоҳи Эрон нашъат мегирад, ки амният дар ҳавзаи халиҷи Форс аз масири мушорикати ҳамаи кишварҳои он ҳосил хоҳад шуд ва назму амнияте матлуб ва пойдор барои минтақа бидуни мудохилаи хориҷӣ муҳаққақ мешавад.

Дар айни ҳол, Эрон худро мутааҳҳид ба ҳифзи сулҳу амнияти минтақа, аз ҷумла халиҷи Форс медонад. Ба гуфтаи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон, ин Эрон аст, ки амнияти халиҷи Форс ва тангаи Ҳумузро тазмин мекунад. Русия низ ба унвони яке аз қудратҳои байналмилалии рақиби Амрико, ки дар солҳои ахир нақши муҳиме дар ғарби Осиё ифо кардааст, бар ҳимоят аз тарҳҳои Теҳрон барои танишзудоӣ дар равобити Эрон ва кишварҳои ҳавзаи ҷануби халиҷи Форс таъкид кардааст.

Акнун Маскав дар садад аст то бо пешбурди санади “Мафҳуми амнияти ҷамъӣ дар халиҷи Форс” дар Созмони Милал, заминаи пазириш ва иҷро кардани онро тавассути ин ниҳоди байналмилал ба унвони гоме ҷадид барои коҳиши танишҳо дар халиҷи Форс фароҳам намояд.