Тарроҳи ҳамалоти 11 сентябр: Алайҳи саудиҳо шаҳодат медаҳам
Мағзи мутафаккири ҳамалоти террористии 11 сентябр эълом кард, ки дар ивази инсирофи давлати Амрико аз эъдоми вай ҳозир аст, алайҳи мақомоти Арабистон шаҳодат диҳад.
Ба гузориши шабакаи хабарии “Алҷазира”, Холид Шайх Муҳаммад, ки аз ӯ ба унвони мағзи мутафаккири ҳамалоти 11 сентябр ёд мешавад, гуфта, ки ҳозир аст, дар сурате ки давлати Амрико аз эъдоми ӯ сарфи назар кунад, ба хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса дар пайгарди қонунии Арабистон кумак кунад.
Ҷумъаи гузашта хонаводае аз хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти 11 сентябр Арабистони Саудиро ба ҳамоҳангӣ дар иҷрои ин ҳамалот муттаҳам кард.
Холид Шайх Муҳаммад аз баландпоятарин аъзои “Алқоида” аст, ки дар соли 2003 дар Покистон дастгир шуд.
Аз сӯйи дигар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе Қонуни пардохти ғаромат ба хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти 11 сентябри соли 2001-ро имзо кард. Бар асоси ин қонун, осебдидагони ҳамалоти 11 сентябр ва хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамалот то 73 соли оянда аз давлати Амрико ғаромат дарёфт мекунанд.
Дар ҳамалоти 11 сентябри соли 2001, ки мақомоти давлати Арабистон ба ҳамдастӣ бо тарроҳону омилони он муттаҳам ҳастанд, бар асари исобати ҳавопаймо ва инфиҷори бурҷҳои тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк беш аз се ҳазор тан кушта ва шаш ҳазор нафар маҷрӯҳ шуд.