Июл 30, 2019 17:18 Asia/Dushanbe
  • Покистон Толибонро ба музокира даъват кард

Покистон бо даъват аз Толибон иқдоми расмӣ барои пешбурди музокироти сулҳи Афғонистонро оғоз кард.

Ба гузориш хабаргузории “Форс”, ҳадаф аз иқдоми давлати Покистон дар заминаи даъвати намояндагони Толибон ёфтани роҳе барои музокира байни Амрико ва раҳбарони ин гурӯҳ аст. Давлати Покистон эълом кардааст, ки ҳеҷ яке аз намояндагони давлатӣ ва вузаро набояд дар ин замина изҳор назар кунанд.

Покистон ба таври расмӣ аз Мулло Бародар ва Шермуҳаммад Аббос Станакзай барои музокира даъват карда, зеро қарор аст, ҳамин афрод дар Қатар бо Залмай Халилзод мулоқот кунанд.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон дар Маҷлиси миллии ин кишвар аз пазириши даъвати Покистон аз сӯйи Толибон хабар дод.

Бархе расонаҳои англисӣ ва урдузабони Покистон ҳам аз эҳтимоли дидори Мулло Ҳайбтуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон бо Умрон Хон, нахуствазир ва генерал Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи артиши Покистон хабар додаанд.

 

Барчасп