Эҳзори кордори Ҳинд дар Исломобод ба Вазорати хориҷаи Покистон
Вазорати умури хориҷаи Покистон дар эътироз ба нақзи оташбас дар хати контроли Кашмир аз тарафи нерӯҳои марзбонии Ҳинд, бори дигар кордори ин кишвар дар Исломободро эҳзор кард.
Вазорати умури хориҷаи Покистон бо эҳзори Гуру Аҳил Волё, кордори Ҳинд дар Исломобод аз Деҳлии Нав хост то аз иқдоми нерӯҳои ҳиндӣ дар нақзи мукаррари оташбас ва тирандозии бедалел дар хати контроли Кашмир ҷилавгирӣ кунад.
Барои севумин бор аст, ки дар камтар аз як ҳафта кордори Ҳинд дар Исломобод ба Вазорати умури хориҷаи Покистон фаро хонда шудааст.
Дар даргирии чанд рӯзи ахири нерӯҳои марзбонии Ҳинд ва Покистон шуморе аз тарафайн кушта шуданд.
Нерӯҳои марзбонии Ҳинд ва Покистон ҳамвора мавозеи якдигарро дар хати контроли Кашмир ҳадаф қарор медиҳанд ва якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.