Август 02, 2019 16:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд 25 ҳазор нерӯи низомӣ ба марзи Покистон эъзом кард

Дар пайи таниши бесобиқаи байни Исломободу Деҳлии Нав давлати Ҳинд аз афзоиши нерӯҳои низомии худ дар марзи Покистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, давлати Ҳинд шаби панҷшанбе эълом кард, 25 ҳазор нерӯи низомии ҷадид ба марзи  ин кишвар бо Покистон дар манотиқи Роҷистон ва Кашмир эъзом кардааст.

Эъзоми 25 ҳазор нерӯи низомии ҳиндӣ ба манотиқи марзӣ дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Покистон чаҳоршанбеи гузашта дар эътироз ба нақзи оташбас дар хатти контроли Кашмир аз тарафи нерӯҳои марзбонии Ҳинд бори дигар кордори ин кишвар дар Исломободро эҳзор кард. Вазорати хориҷаи Покистон дар ин эҳзор аз Деҳлии Нав хост, то аз иқдоми нерӯҳои ҳиндӣ дар нақзи мукаррари оташбас ва тирандозии бедалел дар хатти контроли Кашмир ҷилавгирӣ кунад.

Дар даргирии чанд рӯзи ахири нерӯҳои марзбонии Ҳинду Покистон шуморе аз нерӯҳои ду тараф кушта шуданд. Нерӯҳои марзбонии Ҳинду Покистон ҳамвора мавозеи якдигарро дар хатти контроли Кашмир ҳадаф қарор медиҳанд ва якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.