Куҳансолтарин ҳоҷии ҷаҳон вориди Арабистон шуд
(last modified Fri, 02 Aug 2019 12:50:50 GMT )
Август 02, 2019 17:50 Asia/Dushanbe
  • Куҳансолтарин ҳоҷии ҷаҳон вориди Арабистон шуд

Марди 130-солаи аҳли Индонезия, ки барои ба ҷой овардани маносики ҳаҷ ба сарзамини ваҳй сафар карда ва унвони куҳансолтарин зоири ширкаткунанда дар маносики ҳаҷи имсолро ба номи худ сабт кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, солмандтарин зоири ҳаҷи имсол Уҳи Идрус Самари ном дорад, ки ҳамроҳ бо хонаводааш ба Арабистон сафар кардааст. Самари ба унвони меҳмони вижаи Малик Салмон, подшоҳи Арабистон, ки худро ходими ҳарамайни шарифин мехонад, ба Маккаи мукаррама сафар кардааст.

Ин зоири индонезӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҷида мавриди истиқболи Абдулмаҷид Алафғонӣ, мудири умури ҳаҷ ва умраи Арабистон ва сарҳанг Солим Алқаҳтонӣ, мудири равобити умумии фурудгоҳ қарор гирифт.

Сити Раҳило, духтари ин зоири индонезӣ гуфтааст, ки падараш пеш аз ин ба сафари ҳаҷ мушриф нашуда буд ва акнун орзуи ҳамешгиаш бароварда шудааст.

 

Барчасп