Фармони Трамп барои эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия
(last modified Fri, 02 Aug 2019 14:18:48 GMT )
Август 02, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Фармони Трамп барои эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия

Раисҷумҳури Амрико бо имзои фармоне муҷаввизи таҳримҳои ҷадид алайҳи Русияро содир кард.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дувумин давр аз таҳримҳои ин кишвар алайҳи Русияро бо баҳонаи парвандаи масмумияти Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи рус дар Бритониё вазъ кард.

Сергей Скрипал ва духтараш дар марти соли 2018 дар шаҳри Салсбрии Бритониё масмум шуданд ва давлати Бритониё Маскавро омили масмумияти Скрипал муаррифӣ ва бар ҳамин асос 23 дипломати русро ихроҷ кард. Ҳудуди 30 кишвар, аз ҷумла Амрико низ ҳамоҳанг бо Лондон мавзеи мушобеҳе дар пеш гирифтанд. Бо ин ҳол Русия ҳар гуна дахолат дар ин моҷароро рад ва Бритониёро ба пинҳонкорӣ ва тахриби амдии равобити ду кишвар муттаҳам кард.

Даври нахусти таҳримҳои Амрико алайҳи Русия дар августи соли 2018 бо истинод ба Қонуни нобудии ҷангафзорҳо, таслиҳоти биологӣ ва кимиёии соли 1991 эъмол шуда буд, ки Вашингтон муддаӣ буд, Маскав мафоди ин қонунро нақз кардааст.

Русия аз назари теъдоди бастаҳои таҳримии Амрико ва Аврупо, ки аз марзи 70 бастаи таҳримӣ фаротар рафтааст, шояд дар сатҳи ҷаҳонӣ рекорддор бошад. Аммо русҳо ҳамвора таҳримҳои Амрикоро беасар медонанд ва муътақиданд, ки ин иқдомот ҳеҷ суде барои Вашингтон надорад.