Шарти Трамп барои паймони мушакии нав
Эъломи хуруҷи расмии Амрико аз паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (I.N.F) дар 2 августи 2019 ҷаҳонро вориди бурҳаи навине аз бесуботӣ кардааст. Вашингтон дар паи он аст ки аз ин тариқ паймони таслиҳотии наве тибқи хостаҳо ва манофеи худ шакл диҳад.
Дар ин росто Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико хоҳони паймоне шуда, ки шомили рақибони байналмиллалии Амрико шавад. Трамп гуфт, ҳаргуна тавофуқ ва муоҳидаи нав дар хусуси мушакҳои ҳастаӣ бояд шомили Русия ва Чин бишавад.
Аз дидгоҳи Вашингтон бояд Чин, ки ба шиддат машғули тавсеаи сомонаҳои мушакии кутоҳбурд ва миёнбурд аст ба паймони мушакии нав бипайвандад. Дар ҳоле, ки Пекин муътақид аст, ки чунин иқдоме боиси эҷоди маҳдудиятҳое ноодилона барои артиши ин кишвар хоҳад шуд. Русия низ муътақид аст, ки бояд бақияи кишварҳои ҳастаӣ монанди Фаронса, Британия, Ҳинд ва Покистон дар канори Чин ба ин паймони нав мулҳақ шаванд. Аммо ба назар намерасад, ки на қудратҳои аврупоӣ дороӣ тавонмандии мушакӣ яъне Фаронса ва Британия ва на кишварҳои осиёӣ яъне Чин, Ҳинд ва Покистон бо эҷоди маҳдудият дар заминаи ин таслиҳот мувофиқат кунанд. Бадин тартиб бо таваҷҷуҳ ба бекор кардани паймони (I.N.F) ва имтинои дигар кишварҳои бузурги дорои тавонмандии мушакӣ барои узвият дар паймони мушакии нав, чашмандози тавсеаи мушакҳои ҳастаии кутоҳбурд ва миёнбурд акнун беш аз ҳар замони дигар ба чашм мехурад.
Амрико, ки фақат мунтазири поёни муҳлати таиншуда аз ҷониби худ барои хуруҷ аз паймони (I.N.F) буд, ба суръат барномаҳои ояндаи худ барои густариш мушакиро эълом кардааст. Ҳадафи кулии Амрико раҳоӣ аз қайду банди паймонҳои таслиҳотӣ аст, то битавонад озодона ба тавсеа ва истиқрори таслиҳоти ҳастаӣ бипардозад. Дар ин замина Пентагон ҷумъашаб 2 август эълом кард, бо хуруҷи Амрико аз паймони (I.N.F) ин кишвар мушакҳои наверо тавсеа хоҳад дод. Пентагон эълом кард, Амрико қасд дорад мушакҳои мутаорифи заминпояиро тавсеа диҳад, ки пеш аз ин тибқи паймони (I.N.F) мамнуъ буданд. Амрико дар давраи Трамп бар асоси Доктринаи ҳастаии нави худ бар тавсеа ва истиқрори мушакҳои нав ва низ сохти силоҳҳои ҳастаии камтавон тамаркуз кардааст.
Табиатан Русия ба унвони рақиби мушакӣ ва ҳастаии аслии Амрико дар муқобили иқдомоти Вашингтон бекор нанишаста ва талош хоҳад кард , то бо тавсеаи барномаҳои нави мушакӣ ҳамчунон "ҳампоягӣ"-и мушакӣ ва ҳастаиро бо Амрико ҳифз кунад. Бадин тартиб агар чи Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия қаблан гуфта буд, ки дар сурати бекор кардани паймони (I.N.F), Маскав талош мекунад бидуни вуруд ба рақобати таслиҳотӣ дар вазъияти нави геополитикии ҷаҳон, Русияро ногузир ба вуруд ба мусобиқаи таслиҳотӣ бо Амрико хоҳад кард. Бадин тартиб интизор меравад, ки Маскав низ барои тавсеаи мушакҳои болстики заминпоя ва мушакҳои кроз дорои кулоҳаки ҳастаӣ, ки қаблан дар чорчуби паймони (I.N.F) мамнуъ буданд, иқдом кунад.
Бо аз миён рафтани паймонҳои муҳимми контроли таслиҳотии ҷаҳонӣ аз ҷумла паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд, дунё акнун бо дурнамои ҳаросоваре ру ба ру шудааст. Аз ин пас қудратҳои бузурги ҳастаӣ бидуни ҳеҷ маҳдудияте ба тавсеа ва истиқрори анвои таслиҳоти мухарриб ба вижа мушакҳои ҳастаӣ хоҳанд пардохт ва бадин тартиб ҷаҳони оянда ҷаҳоне дар лабаи даргирии ҳастаӣ хоҳад буд.
Антонио Гутереш дабири куллии Созмони Миллал бо ишора ба бекор кардани паймони (I.N.F) мегуяд, ин амр эҳтимолан таҳдиди мушакҳои ҳастаиро на коҳиш балки афзоиш хоҳад дод. Сарфи назар аз ончи, ки руй медиҳад тарафҳо бояд аз иқдомоти барҳам занандаи субот парҳез кунанд ва мусиррона ҷӯёи як тавофуқ дар хусуси як масири муштараки нав барои контроли байналмииллалии таслиҳот бошанд.