Август 03, 2019 18:25 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Кореяи Ҷанубӣ барои хориҷ кардани Ҷопон аз листи кишварҳои содиротӣ

Кореяи Ҷанубӣ дар иқдоме талофиҷӯёна, Ҷопонро аз феҳристи сафеди худ хориҷ хоҳад кард.

Ба дунболи идомаи таниш миёни Токио ва Сеул, Ҳонг Нам Ки, вазири иқтисод ва дороии Кореяи Ҷанубӣ эълом кард, Сеул барои тақвияти контроли содироти худ, Ҷопонро аз листи кишварҳои содироти коло ба онҳо хориҷ мекунад.

Мун Ҷоа Ин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ҳам иқдоми давлати Ҷопонро дар хориҷ кардани номи кишвараш аз феҳристи сафед (феҳристи кишварҳои дорои аҳамияти тиҷорӣ ва кишварҳои қобили эътимод) ғайримасъулона донист.

Раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ афзуд, Ҷопон бояд ҳар чӣ зудтар аз ин гуна иқдомоти якҷониба ва ғайримунсифона сарфи назар кунад ва роҳи гуфтугӯро дар пеш гирад.

Таниш дар равобити тиҷории Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон пас аз ҷанги тиҷории Амрико алайҳи Чин, метавонад бар иқтисоди минтақаи шарқи Осиё таъсири манфӣ бигузорад. Таниш дар равобити тиҷории Токио ва Сеул пас аз он оғоз шуд, ки давлати Ҷопон, Кореяи Ҷанубиро аз феҳристи кишварҳое, ки бо ҳаддиақали маҳдудиятҳои тиҷорӣ мувоҷиҳ ҳастанд, ҳазф кард. Бо ин тасмим содиркунандагони ҷопонӣ барои фурӯши бархе маҳсулоти хос ба Кореяи Ҷанубӣ, ки мумкин аст дар сохти таслиҳот мавриди истифода қарор бигирад, бояд муҷаввиз дарёфт кунанд. Аз назари давлати Кореяи Ҷанубӣ, ин иқдоми Ҷопон муҷиб мешавад то занҷираи таъмини ҷаҳонӣ бо осебҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ бишавад. Маҳсулоти хоси содиротӣ аз Ҷопон ба Кореяи Ҷанубӣ дорои мавориди истифодаи дугона аст, ки давлати Токио ба баҳонаи эҳтимоли истифода аз ин мавод дар саноеи таслиҳотӣ, маҳдудиятҳоеро барои содироти он ба Кореяи Ҷанубӣ эъмол кардааст. Давлати Сеул мегӯяд, ин мавод дар тавлиди тарошаҳои компютерӣ мавриди истифода қарор мегирад, ки тавлиди бархе ширкатҳои электронӣ, ки содироти густурда ба Амрико доранд, ба воридоти ин мавод аз Ҷопон вобаста аст.

Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки маҳдудиятҳои ҷоришуда тавассути Ҷопон алайҳи Кореяи Ҷанубӣ беш аз он ки нозир ба рақобатҳои иқтисодӣ бошад, дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Ба хусус он ки ин маҳдудиятҳо пас аз он ҷорӣ шуд, ки додгоҳе дар Кореяи Ҷанубӣ ҳукм дод, ки ширкати “Ниппон”-и Ҷопон бояд ба нерӯҳои кореяии машмули кори иҷбории бидуни дастмузд дар он ширкат, дар даврони истеъмории ин кишвар бар Корея, ғаромат бипардозад.

Ин гумона матраҳ аст, ки бахше аз маҳдудиятҳои эъмолии Ҷопон алайҳи Кореяи Ҷанубӣ ба ҳукми ин додгоҳ дар бораи пардохти ғаромат иртибот дорад. Ба ҳамин далел аст, ки Кореяи Ҷанубӣ эълом кардааст, аз ин иқдоми Токио ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ шикоят мекунад, зеро ин маҳдудиятҳо танҳо дар масоили амниятӣ муҷоз мебошад. Кореяи Ҷанубӣ нигарон аст, ки ин маҳдудиятҳо бар тавлид ва содироти ширкатҳои ин кишвар ба шиддат таъсири манфӣ бигузорад ва саҳми худ дар бозорҳои ҷаҳониро аз даст бидиҳанд.

 

Барчасп