Ҳазорон ҳинду Кашмирро тарк мекунанд
Ҳазорон ҳинду пас аз судури ҳушдори амниятӣ аз сӯи мақомҳои маҳалии Кашмир даар ҳоли тарки ин минтаақа ҳастанд.
Ба нақл аз хабаргузории ИРНО, масъулони амниятии Ҳинд иддао кардаанд ба шавоҳиде даст ёфтаанд, ки нишон медиҳад гуруҳҳои мусаллаҳи маҳаллии мавриди ҳимояти Покистон дар тадоруки ҳамла ба ҳиндуҳое ҳастанд, ки ба куҳи Амарнат, ки аз назари онон муқаддас аст мераванд.
Онон муддаӣ шуданд дастгоҳҳои амниятии Ҳинд мақодири зиёде таҷҳизоти ҷангӣ кашф кардаанд, ки ба назаар мерасад гуруҳҳои мусаллаҳ қасд доштаанд дар масири ҳаракати ҳиндуҳо ба ин куҳ алайҳи онҳо истифода кунанд.
Мақомҳои маҳаллӣ аз ҳиндуҳо ва гардишгарон хостаанд, ки ба манозили худ бозгарданд ҳар чанд ба гуфтаи мақомҳои ҳиндӣ ин иқдом мунҷар ба ҳароси бисёре аз ҳиндуҳо шудааст.
Як масъули ҳиндӣ, ки хост номаш фош нашавад гуфт, ки 20 ҳазор ҳинду ва гардишгар ва беш аз 200 ҳазор коргарии ҳиндӣ Кашмирро тарк мекунанд ҳарчанд 60 ҷаҳонгарди ғайри ҳиндӣ бо вуҷуди ҳушдори мақомҳои маҳаллӣ ба Кашмир омадаанд.
Дар тозатарин таҳаввулоти Кашмир Нарандра Мудӣ нахуствазири Ҳинд 25 ҳазор сарбози нав дар минтақаи Кашмир мустақар кард ин иқдом як ҳафта пас аз он сурат мегирад, ки давлати Деҳлии Нав, як ҳафта пеш низ 10 ҳазор нерӯи низомии нав ба ин минтақа эъзом карда буд.
Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахше дигар дар хоки Покистон қарор дорад ва ҳар ду кишвар иддаои моликият бар тамоми Кашмирро доранд ва ҳамин мавзӯъ яке аз иллатҳои аслии муноқишаи дерина миёни Деҳлии Нав ва Исломобод аз замони истиқлоли Покистон аз Ҳинд дар соли 1947 то кунун аст.