Август 06, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Июли соли 2019 – гармтарин моҳи ҷаҳон

Июли соли 2019 рекорди гармтарин моҳи сабтшуда дар таърихро ба номи худ сабт кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, натиҷаи ёфтаҳои як маркази таҳқиқотии Иттиҳоди Аврупо нишон медиҳад, ки июли соли 2019 рекорди гармтарин дамои ҷаҳон дар як моҳро шикастааст.

Маркази «Барномаи Коперник дар бораи тағйири обу ҳаво»-и вобаста ба Иттиҳоди Аврупо, ки додаҳо дар бораи дамои обу ҳаво дар саросари ҷаҳонро ҷамъоварӣ ва таҳлил мекунад, эълом карда, ки дамо дар июли имсол 0.56 дараҷа гармтар аз миёнгини ҷаҳонии дамои байни солҳои 1981 то 2010 будааст. Тибқи бароварди ин маркази аврупоӣ, дамои моҳи июли соли 2019 каме бештар аз дамои моҳи июли соли 2016 буда ва рекорди гармтарин моҳи ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст. Ҷейн-Нувел Типа, раиси “Барнома Коперник” дар ин бора гуфт: «Бо таваҷҷуҳ ба тадовуми интишори газҳои гулхонаӣ ва таъсироти он бар дамои ҷаҳон рекорди гармо дар оянда боз ҳам шикаста хоҳад шуд». Натиҷаи таҳқиқи маркази вобаста ба Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин ҳушдор дода, ки дамои ҳаво наздик ба 1.2 дараҷа болотар аз сатҳи дамои давраи пешосаноатӣ шудани ҷаҳон расидааст.

Кумитаи байнидавлатии тағйироти обуҳавоии Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта ҳушдор дода буд, ки кишварҳои ҷаҳон барои ҷилавгирӣ аз расидани гармои замин ба сутуҳи фоҷиабор фақат то соли 2030 замон доранд.