Август 07, 2019 11:11 Asia/Dushanbe

Гурӯҳи "Толибон" муддаӣ шуд, дар музокироташ бо Амрико ба тавофуқ расидааст.

Ба нақл аз хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, гурӯҳи "Толибон" дар баёнияе эълом кард, ки ихтилофи ин гурӯҳ бо Амрико дар мавриди хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ ва амрикоӣ аз Афғонистон ҳал шудааст.

Бар асоси ин баёния, Амрико ва гурӯҳи "Толибон" ҳамчунин тазмини ин гурӯҳ барои қатъи равобит бо дигар гурӯҳҳои ифротиро низ ҳал кардаанд.

Гурӯҳи "Толибон" ба ҷузъиёти ин тавофуқ ишорае накардааст.

Мақомоти амрикоӣ низ то кунан дар мавриди баёнияи "Толибон" дар бораи ин тавофуқ эъломи назар накардааст.

 

Барчасп