Август 07, 2019 15:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Имрон Хон ба Ҳинд дар бораи ҷанги хонумонсӯз

Нахуствазири Покистон аз тасвиби лоиҳаи лағви ихтиёроти вижа (худмухторӣ) барои минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд аз тарафи маҷлиси ин кишвар интиқод кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Имрон Хон дар нишасти муштараки маҷлиси сано ва миллии Покистон барои баррасии таҳаввулоти ахири Кашмир, бо ишора ба тасвиби лоиҳаи лағви ихтиёроти вижа (худмухторӣ) барои минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд аз тарафи маҷлиси ин кишвар гуфт, ин иқдоми Деҳлии Нав, Покистон ва Ҳиндро ба самти як ҷанги хонумонсӯз савқ хоҳад дод.

Имрон Хон гуфт, бо вуҷуди эъломи омодагии Покистон барои музокирот бо Ҳинд ва ҳалли ихтилофоти ду кишвар, Деҳлии Нав ҳеҷ тамоюле ба музокираи дуҷониба надорад ва иқдомоти ахири Ҳинд дар хусуси Кашмир низ баёнгари ин ҳақиқат аст.

Намояндагони маҷлиси Ҳинд рӯзи сешанбе бо аксарияти оро лоиҳаи бекор кардани ихтиёроти вижа (худмухторӣ) -ро барои минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд тасвиб карданд.

Дар ҳамин ҳол парлумони Ҳинд бо лағви банди 370-и қонуни асосии ин кишвар, заминаро барои муҳоҷирати ҳиндуҳо ба ин минтақа ва хариду фурӯши заминҳои он фароҳам кард.

Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахше дигар дар хоки Покистон қарор дорад, аммо ҳар ду кишвар иддаои моликият бар тамоми Кашмирро доранд.

Муноқишаи Ҳинду Покистон бар сари Кашмир дар ҳоле аст, ки Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал бар баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти ин минтақа таъкид дорад.

 

Барчасп