Август 07, 2019 17:11 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани як шаҳрванди кашмирӣ ба дасти низомиёни ҳиндӣ

Низомиёни ҳиндӣ як шаҳрванди кашмириро дар минтақаи таҳти контроли ин кишвар ба зарби гулӯла куштанд.

Ба гузориши “Франс пресс”, низомиёни ҳиндӣ як ғайринизомии кашмириро дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар ҳангоми эъломи муқаррароти манъи омадурафт, ба зарби гулӯла куштанд.

Полиси Ҳинд дар минтақаи Сринагари Кашмир кушта шудани ин шаҳрванди кашмириро ба дасти низомиёни ҳиндӣ таъйид кард.

Артиши Ҳинд ба манзури саркӯби кашмириҳо, шумори низомиёни худро дар минтақаи Кашмири таҳти контроли ин кишвар афзоиш додааст.

Ҳинд солҳост бо мустақар кардани ҳазорон низомӣ, манотиқе аз Кашмирро таҳти контроли худ дароварда ва тайи се даҳа, даҳҳо ҳазор нафарро ба қатл расондааст.

Мардуми Кашмир иҷрои Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти Кашмирро хостор ҳастанд, аммо давлати Ҳинд ҳамвора бо ин иқдом мухолифат мекунад.

 

Барчасп