Август 09, 2019 20:28 Asia/Dushanbe
  • Суқути як ҷангандаи Нерӯи ҳавоии Ҳинд

Як ҷангандаи Нерӯи ҳавоии Ҳинд дар иёлати Ассам, дар шимоли шарқи ин кишвар суқут кард.

Ба гузориши ИРНА, Нерӯи ҳавоии Ҳинд эълом кард, як ҷангандаи “Су”-и ин кишвар имрӯз дар наздикии шаҳри Тезпур дучори сониҳа шуд ва ҳар ду халабони он захмӣ шуданд.

Нерӯи ҳавоии Ҳинд ҳудуид 250 ҷангандаи “Су” дар ихтиёр дорад, ки дар байни солҳои 2009 то 2018 ҳудуди 10 адади он суқут кардааст, ки 3 халабони он кушта шудаанд.

Новгони ҳавопаймоҳои ҷангандаи Ҳинд муташаккил аз ҷангандаҳои русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ аст.

Ду омили аслӣ: хатои инсонӣ ва мушкилоти техникӣ аз ҷумлаи далоили суқути ҷангандаҳои Нерӯи ҳавоии Ҳинд эълом шудааст.