Август 09, 2019 21:24 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи се мақоми аршади пешини Амрико ба тавоноии низомии Эрон

Се мақоми пешини Амрико бо фоҷеабор тавсиф кардани ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон, бар қудратманд ва мунсаҷим будани нерӯи низомии ин кишвар таъкид карданд.

Бар асоси гузориши ИРНА, Гурӯҳи байналмилалии буҳрон рӯзи панҷшанбе бо интишори бахшҳое аз гуфтугӯҳои анҷомшуда бо Чак Ҳегел, вазири дифои пешин, Ҷон Керби, сухангӯи пешини Пентагон ва вазорати хориҷа ва Лоренс Уилкерсон, раиси дафтари вазири хориҷаи пешини Амрикоро дар бораи ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба Эрон мунташир кард.

Чак Ҳегел ҳамалоти мавзеӣ ба се нуқта дар Эронро як қимор тавсиф кард ва гуфт: “Он фақат як ё ду ҳамлаи ҳавоӣ нахоҳад буд, балки бояд мунтазири як посухи сангин аз тарафи Эрон буд”.

Дарёдор Ҷон Карби ҳам бо баёни ин ки нерӯи низомии Эрон яке аз ҳашт қудрати бартари низомӣ дар ҷаҳон аст, гуфт: “Агар як даргирӣ бо Эронро дар назар бигирем, ман намебинам касе аз он берун биёяд”.

Сарҳанг Лоренс Уилкерсон, раиси дафтари Колин Поуэл дар даврони вазорати хориҷа ҳам гуфт: “Эрон кишваре бо 80 миллион ҷамъияти ҳамгун аст ва агар ҷанге дар гирад, ба суръат густариш меёбад”.

Ин мақоми пешини вазорати хориҷаи Амрико бо шабеҳ донистани бархе рафторҳо бо даврони ҳамла ба Ироқ изҳор дошт: “Ба унвони касе, ки 12 то 14 сол бо Колин Поуэл кор кардаам, мегӯям, ки тавоноии Амрико барои дарс гирифтан аз иштибоҳоти гузашта, сифр аст. Мо аз гузашта дарс намегирем”.

 

 

Барчасп