Баргузории маросими безорӣ аз мушрикин дар саҳрои Арафот
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45795-Баргузории_маросими_безорӣ_аз_мушрикин_дар_саҳрои_Арафот
Маросими безорӣ аз мушрикин бо қироати паёми раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ба ҳоҷиёни хонаи худо дар саҳрои Арафот баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 10, 2019 10:03 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими безорӣ аз мушрикин дар саҳрои Арафот

Маросими безорӣ аз мушрикин бо қироати паёми раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ба ҳоҷиёни хонаи худо дар саҳрои Арафот баргузор шуд.

Дар маросими безорӣ аз мушрикин,ки рӯзи шанбе бо қироати паёми ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ба ҳоҷиёни хонаи Худо оғоз шуд, ҳоҷиёни эронӣ ва бархе ҳоҷиёни дигар кишварҳо, шиорҳои Марг бар Амрико ва марг бар Исроил, сар доданд. Ширкаткунандагон дар маросими безорӣ аз мушрикин ҳамчунин дар қатъномаи панҷ моддае,бо маҳкум кардани ҳаргуна талоши кишварҳо барои оддисозии муносибатҳо бо режими Саҳюнистӣ, аз сиёсатҳои Амрико ва режими Саҳюнистӣ бинобар эҷоди тафриқа миёни мусалмонон эъломи безорӣ ва бар аҳамияти ваҳдати ҷаҳони ислом таъкид карданд.

Ҳоҷиёни Эронб ва бархе ҳоҷиёни дигар кишварҳо ҳамчунин дар ин қатънома,озодии Қудси шариф аз ишғоли режими Саҳюнистиро ормон ва авлавияти бедалели уммати исломӣ донистанд ва бо ёдоварии рисолат ва нақши Созмонҳои байналмиллалӣ ба вижа Созмони Милалли Муттаҳид, лузуми пойбандӣ ба ҳақ, адолат ва дифоъ аз ҳуқуқи миллатҳои мазлум дар баробари зиёдахоҳии кишварҳои мустакбир ва низоми султаро хостор шуданд.

Дуои Арафа, бахши дигаре аз маросими имрӯз ( шанбе ) аст,ки дар Арафот баргузор хоҳад шуд.

Беш аз ду миллион мусалмон аз ҷумъа шаб ( дишаб ) ин минтақаро ба мақсади Машъар алҳаром,минтақаи мобайни Арафот ва Мино тарк карданд.