Август 11, 2019 11:21 Asia/Dushanbe
  • Толибон тавофуқи сулҳ бо Амрикоро рад кард

Сухангӯи Толибони Афғонистон ҳаргуна тавофуқи сулҳи ин гуруҳ бо Амрико дар Қатарро рад кард.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Забиҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи Толибон гуфтааст, ҳаргуна тавофуқи сулҳи ин гуруҳ бо Амрико машрут ба хуруҷи тамомии низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико аз Афғонистон аст.

Вай афзуд, музокироти сулҳ миёни Толибон ва Зулмо Халилзод намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар Қатар идома дорад ва ихтилофи ин гуруҳ бо Вашингтон дар бораи тавофуқи сулҳ ҳамчунон побарҷост.

Сухангӯи Толибон ҳамчунин гуфт, то замони хуруҷи охирин низомии хориҷӣ аз Афғонистон ҷанг дар ин кишвар идома хоҳад дошт.

Ин изҳороти Муҷоҳид дар ҳолест, ки Сиддиқ Сиддиқӣ сухангӯи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон таид кард, Кобул аз мафоди пешнависи тавофуқ миёни Амрико ва Толибон огоҳ аст ва наметавонад ҷузъиёти онро расонаӣ кунад.

Рӯзи гузашта ахбори мунташиршуда ҳокӣ аз он буд, ки Толибон бо Амрико ба тавофуқ расида ва хуруҷи Амрико аз Афғонистон дар чанд марҳила ва озодии панҷ то даҳ ҳазор нафар аз зиндониёни Толибон аз муҳимтарин мафоди ин тавофуқ аст.

Гуфта мешуд бар асоси ин тавофуқ дар марҳилаи нахуст панҷ ҳазор низомии Амрико дар муддати чаҳор моҳ Афғонистонро тарк мекунанд.

Барчасп