Август 11, 2019 12:58 Asia/Dushanbe
  • Таътилии охирин хатти мусофирбарии Покистон ба Ҳинд

Дар паи афзоиши танишҳо миёни Исломобод ва Диҳлӣ, Покистон бо поён додан ба фаолияти хатти мусофирбарии Лоҳур ба Диҳлӣ охирин масири ҳамлу нақли умумӣ бо Ҳиндро қатъ кард.

Ба нақл аз ИРНО, Иршод Алӣ аз мақомоти ҳамкории тавсеаи гардишгарии Покистон ба хабарнигорон гуфт, давлат дастури таваққуфи рафту омади ин хатти мусофирбариро, ки шаши субҳи ҳарруз аз Лоҳур озими Диҳлӣ мешуд содир кард.

Исломобод, ки аз салби ихтиёроти вижаи минтақаи Кашмир аз сӯи Диҳлӣ ба хашм омада таъкид кардааст, ки ин мавзӯро дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид матраҳ мекунад.

Тибқи асли 370 Қонуни асосии Ҳинд минтақаи Кашмир ва Ҷому ба ҷуз дар масоили дифоӣ ва умури хориҷӣ аз худмухторӣ ва ихтиёроти вижа дар умури дохилӣ бархурдор буд.

Исломобод дар эътироз ба иқдоми Диҳлӣ, ду масири райлӣ ва низ осмони худро ба руи ҳавопаймоҳои ҳамсояаш баста, равобити тиҷорӣ бо Диҳлиро мутаваққиф ва сафири Ҳинд дар кишварашро ҳам ихроҷ кардааст.

Покистон ин иқдоми Ҳиндро поймолсозии ҳуқуқи байналмиллал хонда ва эълом кардааст, ки аз ҳамаи гузинаҳои мумкини депломатик барои муқобила бо ин иқдоми Диҳлӣ ва ҳалли масъала истифода хоҳад кард.

Покистон ва Ҳинд ҳар ду муддаии моликият ба минтақаи Кашмир ҳастанд ва аз соли 1947 токунун ду бор бар сари ин минтақа бо якдигар ҷангидаанд.

Дар рӯзҳои ахир таниш бар сари ин минтақа байни Ҳинд ва Покистон шиддат гирифта ва нигарониҳои фаровонеро дар минтақаи нимақора эҷод кардааст.

Ҳинд дар се  даҳсолаи ахир ҳудуди 100 ҳазор нафар аз мардуми Кашмирро кушта ва боиси нопадид шудани 10 ҳазор нафари дигар шудааст.