Маҳдудиятҳои ҷадид дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд дар остонаи иди Қурбон
(last modified Mon, 12 Aug 2019 12:12:30 GMT )
Август 12, 2019 17:12 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудиятҳои ҷадид дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд дар остонаи иди Қурбон

Манобеи кашмирӣ рӯзи якшанбе аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои ҷадид дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд дар остонаи иди саиди Қурбон хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, манобеи кашмирӣ эълом карданд, мошинҳои низомии артиши Ҳинд аз субҳи рӯзи якшанбе дар ҳоли гаштзанӣ дар манотиқи мухталифи Кашмири таҳти контроли ин кишвар ҳастанд ва исти бозрсиҳое низ дар манотиқи мухталифи Кашмири таҳти контроли Ҳинд барқарор шудааст.

Шоҳидони айнӣ эълом карданд, низомиёни ҳиндӣ аз мардуми Кашмир хостаанд аз манозилашон хориҷ нашаванд.

Имрӯз, душанбе дар Ҳинд иди саиди Қурбон аст.

Ҳинд душанбеи гузашта ихтиёроти вижа ё худмухтории минтақаи Кашмири таҳти контроли ин кишварро бекор кард.

Бо лағви ихтиёроти вижаи минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд аз сӯи парлумони ин кишвар, шароит барои кашмириҳои таҳти контроли Ҳинд душвортар ва замина барои муҳоҷирати ҳиндуҳо ба ин минтақа ва хариду фурӯши заминҳои Кашмир аз сӯи онҳо фароҳам мешавад.

Кашмириҳои таҳти контроли Ҳинд ин иқдом ва дигар гомҳои ахири Деҳлии Нав дар ин минтақаро эъломи ҷанг алайҳи худ хондаанд.

Созмони Ҳамкории Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе зимни ибрози нигаронӣ аз лағви ихтиёроти вижаи минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд аз сӯи давлати Деҳлии Нав, ҳалли мусолиматомези буҳрони ин минтақаро хостор шуд.

Давлати Покистон дар вокуниш ба иқдомоти душманонаи Ҳинд зидди кашмириҳо, сафири Ҳинд дар Исломободро ихроҷ ва равобити тиҷории худро бо ин кишвар ба ҳоли таъхир даровардааст.

Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахшеи дигар дар хоки Покистон қарор дорад, аммо ҳар ду кишвар иддаои моликият бар тамоми Кашмирро доранд.

Муноқишаи Ҳинд ва Покистон бар сари Кашмир дар ҳоле аст, ки қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти ин минтақа таъкид дорад.