Ваксинаи саратон сохта шуд
Як ширкати хурди амрикоӣ ваксинае сохтааст, ки бо ошкор кардани селулҳои саратонӣ барои системаи эминии бемор, дармони саратонро мумкин мекунад.
Ба гузориши ИРНА, ширкати амрикоии “Morphogenesis”, ки дар ҳавзаи тавсеа ва таҳқиқоти ген ва селулдармонӣ фаъолият мекунад, ваксинае барои саратон сохтааст, ки дар марҳалаи озмоишҳои болинӣ барои афроди бистаришуда қарор дорад.
Дар ҳоле, ки суръати болои ҷаҳиш ва тағйири селулҳои саратонӣ кори шиносоӣ ва таъйини мавқеияти онҳоро барои системаи эминии бадан душвор мекунад, ин ваксина, ки иммунефикс (immune fx) ном дорад, системаи эминии баданро ба гунае тарбият мекунад то селулҳои саратониро шиносоӣ карда ва аз байн бибарад.
Таҳти чунин шароите системаи эминии бадани бемор метавонад ба танҳоӣ ва бидуни ниёз ба тобиши радиоактив (ашаъа), шимидармонӣ ва дигар равишҳои дармон ва фориғ аз тамоми аворизи ҷонибии иборат аз онҳо, бо селулҳои саратонӣ мубориза кунад.