Шайх Закзокӣ барои дармон ба Ҳинд рафт
Раҳбари мусалмонони Нигерия асри рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ барои пайгирии дармони худ ба Ҳинд сафар кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шайх Закзокӣ аз иёлати Кадонаи Нигерия озими фурудгоҳи Абуҷа шуд, то барои пайгирии дармони худ ба Ҳинд сафар кунад.
Шайх Иброҳими Закзокӣ ва ҳамсараш 13 декабри 2015 дар ҳамлаи низомиёни Нигерия ба ҳусайнияе дар шаҳри Зария ба шиддат зихмӣ ва бо ҳамон ҳол боздошт шуданд.
Дар ин ҳамла, ки ба амалиёти низомӣ монанд буд, садҳо нафар аз ҳаводорони шайх Закзокӣ низ ба шаҳодат расиданд. Бархе расонаҳо шумори ашхоси шаҳид шуда дар ҳамла ба хонаи шайх Закзокиро то 2000 нафар эълом кардаанд.
Додгоҳи олии Нигерия дар декабри 2016 ҳукми озодии фаврии аллома Закзокиро содир ва артиш ва созмонҳои амниятии Нигерияро ба пардохти 150 ҳазор доллар ғаромат ба хонаводаи вай низ маҳкум кард, аммо артиш ва ин созмонҳо зимни имтиноъ аз иҷрои ин ҳукм аллома Закзокиро ҳамчунон дар боздошт нигаҳ доштаанд.
Дар моҳҳои ахир, ки вазъияти ҷисмонии Закзокӣ ру ба вахомат гузошта ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ борҳо хостори озодии ӯ шудаанд.
Даҳҳо пизишк аз ҳафт кишвари ҷаҳон дар номае ба давлати Нигерия вазъияти бади ҷисмонии шайх Закзокиро ёдовар ва хостори дармони ҳар чи зудтари вай шуданд.
Давлати нигерия то кунун борҳо барои судури иҷозатномаи сафари шайх Иброҳими Закзоки ва ҳамсараш ба Ҳинд барои гузарондани марҳилаҳои дармонӣ монеатарошӣ кардааст.