Покистон маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар Кашмирро маҳкум кард
Вазорати умури хориҷаи Покистон дар баёнияе эълом кард, маҳдудиятҳои шадиди иҷроишуда аз сӯи Ҳинд дар Кашмир сабаб шуд, то ҳазорон тан аз мусалмонони минтақа натавонанд дар намози иди Қурбон ва оинҳои мазҳабии ин рӯзҳо ширкат кунанд.
Ба нақл аз ИРНО, дар баёнияи душанбешаби Вазорати умури хориҷаи Покистон омадааст, пешгирӣ аз озодии мазҳабӣ муғоир бо қавонини байналмиллалӣ ва поймолсозии сареҳи усули ҳуқуқи башар аст.
Вазорати умури хориҷаи Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вижа Камиссиони ҳуқуқи башари Созмони Миллал хост, то алайҳи иқдомоти Ҳинд дар салби озодиҳои мазҳабӣ дар Кашмир мавзеъгирӣ кунанд.
Пас аз тасмими давлати Ҳинд барои бекор кардани имтиёзоти вижаи иёлати Ҷому ва Кашмир ва афзоиши танишҳо миёни Деҳлии Нав ва Исломобод дар Кашмир, Покистон зимни мухолифат бо иқдомоти Ҳинд равобити худро бо ин кишвар ба ҳаддиақл расонд.
Давлати Ҳинд бо эъломи ин ки тасмими ахири ин кишвар дар бораи минтақаи Ҷому ва Кашмир як мавзӯи дохилӣ аст, аз Исломобод хост то дар тасмими худ барои коҳиши равобити депломатик бо Деҳлии Нав таҷдиди назар кунад.
Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахше дигар дар хоки Покистон қарор дорад, аммо ҳарду кишвар иддаои моликият бар тамоми Кашмирро доранд.