Август 14, 2019 12:10 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Амрико аз эъмоли таърифа бар колоҳои чинӣ

Давлати Амрико бо ақибнишинӣ аз мавзеи пешини худ, эъмоли таърифа бар бархе колоҳои воридотӣ аз Чинро се моҳ ба таъвиқ андохт.

Ба нақл аз  Спутник, дафтари намояндагии тиҷории Амрико дар баёнияе эълом кард, Вашингтон то 15 декабри соли 2019 эъмоли таърифаҳо бар колоҳои воридотӣ аз Чин, шомили телефони ҳамроҳ, лаптоп ва бозиҳои видеоиро ба таъвиқ меандозад.

Ин ниҳоди амрикоӣ афзуд: Ин таъвиқ бархе бозичаҳо, мониторҳои роёнаӣ ва пӯшокро низ дар бар мегирад.

Трамп ба тозагӣ бо муттаҳам кардани Чин ба дасткории воҳиди пулӣ ва бархе иқдомоти тиҷорӣ ба гуфтаи вай ғайримунсифона эълом карда буд, ки қасд дорад таърифаҳои ҷадиде зидди колоҳои воридотӣ аз Чин вазъ кунад.

Трамп эълом карда буд, ки аз аввали сентябр таърифаҳои 10 дарсадӣ бар 300 миллиард доллар колои воридотӣ аз Чин эъмол хоҳад кард.

 

Барчасп