Кушта шудани ҳашт узви Толибон дар шарқи Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45920-Кушта_шудани_ҳашт_узви_Толибон_дар_шарқи_Афғонистон
Дар амалиёти нируҳои артиши Афғонистон ба мавозеъи гуруҳи Толибон дар шарқи ин кишвар ҳашт узви ин гуруҳ кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2019 09:25 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ҳашт узви Толибон дар шарқи Афғонистон

Дар амалиёти нируҳои артиши Афғонистон ба мавозеъи гуруҳи Толибон дар шарқи ин кишвар ҳашт узви ин гуруҳ кушта шуданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Сен Хуа, фармондеҳи артиши Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, ин ҳашт узви гуруҳи Толибон дар шаҳристони Бараки бараки вилояти Лугар дар шарқи ин кишвар кушта шуданд.

 Бар асоси ин гузориш дар байни куштаҳои гурӯҳи Толибон ду саркардаи ин гурӯҳ низ дида мешавад.  

 Дар ҳамин ҳол эълом шуд, ки нируҳои артиши Афғонистон ҳафт узви гурӯҳи Толибон ва ду узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар вилоятҳои Урузгон ва Нангарҳор дастгир кардаанд.