Август 16, 2019 18:12 Asia/Dushanbe
  • Пайдо шудани қатаоте дигар аз ҳавопаймои ҷангии ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазорати дифои Туркия тасовире ҷадид аз қатаоти ёфташудаи ҷангандаи суқуткардаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар “Хазар”- ро мунташир кард.

Бар асоси ин гузориш, Нерӯи дарёии Туркия, ки барои ҳамкорӣ бо қароргоҳи ҷустуҷӯии Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон ба ин кишвар омадаанд, имрӯз қатаоте дигар аз лошаи ҷангандаи “Миг -29” –и Нерӯии ҳавоии ҷамҳурии Озарбойҷонро дар дарё (баҳр)-и “Хазар” пайдо карданд.

Амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани ҷасади халабон ва ҷаъбаи сиёҳи ин ҷанганда идома дорад. Ҷангандаи “Миг –29” –и Нерӯии ҳавоии артиши ҷумҳурии Озарбойҷон дувуми мурдоди имсол дар парвози омӯзишӣ бар фарози дарёи “Хазар” суқут кард.