Амрико ҳукми тавқифи нафткаши эронии Грис 1 ро содир кард
(last modified 2019-08-17T07:45:15+00:00 )
Август 17, 2019 12:45 Asia/Dushanbe
  • Амрико ҳукми тавқифи нафткаши эронии Грис 1 ро содир кард

Додгоҳи минтақаи Калумбияи Амрико, ҷумъа шаб ( ба вақти маҳалӣ ) ҳукми тавқифи нафткаши эронии Грис 1 ро,ки дар обҳои Ҷабал Алториқ мутавақиф аст,содир кард.

Хабаргузории Фаронса эълом кард,додгоҳи минтақаи Калумбияи Амрико ҳукми тавқифи нафткаши Грис 1ро ба далели ончи истифодаи ғайри қонунӣ аз системаи молии Амрико барои ҳимоят ва таъмини молии фуруши фаровардаҳои нафтӣ ба Сурия унвон карда содир кардааст.

Нафткаши эронии Грис 1 ,ки ҳудуди 40 рӯз пеш ба баҳонаи беасас  нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Сурия тавассути нерӯи дарёии Англис дар тангаи Ҷабал Алториқ бо беэътиноӣ ба фишорҳо ва дархости расмии Амрико барои тамдиди тавқифи нафткаши Грис 1 ҳукми озодии онро содир кард.

Дар ҳоле,ки Англис мудаъӣ шуда буд тавқифи ин кишти бо ҳадафи пешгирӣ аз нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Сурия анҷом гирифта,аммо давлати Испания,ки бар сари ҳокимияти бар обҳои атрофи Ҷабал Алториқ бо Лондон ихтилоф дорад,дар баёнияе таъкид кард, Англис ин иқдомро ба дархости Амрико анҷом додааст.

Ҳукми рафъи тавқифи абарнафткаши Грис 1 ҳомили беш аз ду миллион шабаки нафти Эрон дар маҳфилҳои  сиёсӣ ва расонаӣ ба унвони шикасти бузург барои Амрико ва Англис тавсиф шудааст. Ин нафткаш ба далели тағийри хадамаи худ ҳануз дар обҳои Ҷабал Алториқ ҳузур дорад.

Ҷалил Исломӣ, муовини дарёии Созмони бандарҳо ва дарёнавардӣ рӯзи ҷумъа аз тағийри номи нафткаши Грис 1 ба Одарён дарё, хабар дод ва мақсади баъдии киштиро Мадитарона эълом кард.

Вашингтон баъд аз хуруҷи ғайриқонунӣ аз БАРҶОМ  ( 8 маи 2018 ) дар ростои сиёсати мавсум ба фишори ҳадиаксарӣ дар талош аст содироти нафти Эронро ба сифр бирасонад аммо то кунун мувафақ набудааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи муқовимат, нақши асосӣ дар муқобила бо тавтиаҳо ва иқдомҳои меҳвари амрикоӣ саҳюнистӣ дар минтақа дорад.