Вокуниши Покистон ба изҳороти ҳастаии вазири дифои Ҳинд
Вазири умури хориҷаи Покистон дар вокуниш ба изҳороти вазири дифои Ҳинд, онро шокбарангез ва ғайримасъулона донист.
Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ дар нишасти матбуотӣ дар Исломобод афзуд, моҳият ва замонбандии изҳороти Раҷнат Синг, вазири дифои Ҳинд таассуфбарангез буда, ки рафтори ҷангталбонаи Деҳлии Навро нишон медиҳад.
Вазири умури хориҷаи Покистон афзуд, мавозеи давлати Ҳинд дар хусуси адами истифода аз таслиҳоти ҳастаӣ беэътибор аст.
Вазири дифои Ҳинд эълом кард, кишвараш то кунун оғозкунандаи ҷанги ҳастаӣ набуда, аммо сиёсатҳои оянда дар ин замина бастагӣ ба шароит дорад.
Ин суханони вазири дифои Ҳинд дар ҳолест, ки таниш байни ин кишвар ва Покистон бар сари масъалаи лағви худмухтории Кашмир афзоиш ёфтааст.
Дар камтар аз як соли гузашта, ин барои дувумин бор аст, ки як мақоми аршади давлати Ҳинд суханони таҳдидомези ҳастаӣ зидди Покистонро матраҳ кардааст.
Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд дар ҷараёни рақобатҳои интихоботи порлумонии ин кишвар, ки дар моҳи майи соли 2019 баргузор шуд, дар як суханронии таблиғотӣ таҳдид кард, ки дар сурати лузум Деҳлии Нав барои таъмини амнияти худ мумкин аст аз силоҳи ҳастаӣ алайҳи Покистон истифода кунад, ки бо вокуниши тунди мақомоти Исломобод мувоҷеҳ шуд.
Агарчӣ ин изҳороти таҳрикомези Моди дар фазои таблиғоти интихоботи порлумонии Ҳинд ва бо ҳадафи таъмини нуқтаи назароти миллигароҳои ифротӣ, ба хусус тарафдоронаш дар ҳизби ҳокими “Бҳаратиё Ҷонотҳ” сурат гирифт, аммо вай нишон дод, ки бо адабиёти ғайримаъмул низ дар сиёсати хориҷӣ ворид мешавад.
Суханони вазири дифои Ҳинд дар бораи ин ки кишвараш то кунун оғозгари ҷанги ҳастаӣ набуда, аммо мумкин аст дар оянда ин шароит тағйир кунад, вокунише ба иқдомот ва сиёсатҳои Покистон, пас аз лағви худмухтории Кашмир тавассути давлат ва порлумони Ҳинд аст, ки бо эътирозҳои густурдаи мардум, давлат ва гурӯҳҳои сиёсии Покистон мувоҷеҳ шудааст.
Илова бар баргузории тазоҳуроти густурда дар шаҳрҳои мухталифи Покистон зидди ин иқдоми Ҳинд, давлати Исломобод низ сафир ва дипломатҳои ҳиндиро ихроҷ кард ва равобити тиҷорӣ бо Деҳлӣ Навро ба ҳолати таълиқ даровард.
Покистон дар гоми баъдӣ дар талош аст бо кашондани парвандаи лағви худмухтории Кашмир тавассути давлати Ҳинд ба Шӯрои амнияти Созмони Милал, аз тариқи байналмилалӣ кардани ин парванда бар Деҳлии Нав барои таҷдиди назар дар ин тасмими худ фишор биоварад, ки сафари вазири хориҷаи Покистон ба Пекин ва гуфтугӯ бо ҳамтои чинии худ ва ҳамчунин гуфтугӯи телефонӣ бо вазири хориҷаи Русия дар ҳамин росто, дар тайи чанд рӯзи гузашта анҷом шуд.